БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲАМЕША ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚ АСТ!

АНДЕША. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст.

Дар  доираи ҳамин конунҳои амалкунанда ҳизбҳои сиёсӣ озодона фаъолият карда истодаанд.  Дар Тоҷикистон имрӯз  7-то  ҳизбҳои сиёсӣ аз рӯи оинномаю барномаҳои худ фаъолият карда истодаанд. Яке аз ин ҳизбҳо ҲХДТ мебошад, ки ҳамчун ҳизби пешоҳангӣ ҷомеа шинохта шудааст ва миёни мардум  маҳбубияти хосаеро  ба худ касб кардааст.  ҲХДТ аз умқи дили  мардум  реша гирифта, ҳанӯз дар соли 1994  дар лаҳзаҳое рӯи кор омад, ки мардум сарсону саргардон буданд, ояндаи худ ва ояндаи фарзандонашон номаълум буда, намедонистанд, ки тақдири  онҳо чӣ мешавад. Дар ин лаҳзаҳои вазнини тақдирсози миллат як роҳбалади сиёсие даркор буд, ки ин мардуми парешонгаштаро бо даъвату ақидаҳои солим сарҷамъ созад. Бахт ба рӯи миллати тоҷик омад кард ва ба тақдири  тоҷикони рӯи дунё як шахсияти бузург  фарзанди фарзонаи миллат -Раиси  муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба корзори майдони набардҳои сиёсии такдирсоз  овард.   

Ин шахсияти бузург тавонист дар атрофи ин ташкилоти ҷамъиятии сиёсии бонуфуз мардумро дар як муддати кӯтоҳ сарҷамъу муттаҳид созад. Мардуми азияткашида дар он шабу рӯзи даҳшатбор, ки раҳму шафқат аз байн рафта буд, мунтазири чунин як иттиҳоди сиёсии мардумӣ буданд. Аз ин ҷост, ки мардум  ҳазорон нафар ба ин ҳизб пайвастанд. ҲХДТ тавонист таҳти  роҳбари абармарди арсаи сиёсат Раиси муаззами  он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 25- соли  фаъолият дар амалӣ гаштани  ҳадафҳои  стратегии  Ҳукумату давлат саҳми арзандаи худро гузошт ва гузошта истодааст.

Бояд гуфт, ки рисолати аслии ҳар як узви ҳизб бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ байни ҳамаи табақаҳои кишрҳои ҷомеа оид ба сиёсати хирадмандонаю оқилонаи пешгирифтаи  Ҳукумату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.  Таҷрибаҳои давлатдории дунё борҳо  собит сохтаанд, ки давлате дорои идеалогияи пешқадам ҳаст, дар он мардум осудаҳолона зиндагӣ намуда,  тамоми  самтҳои хоҷагии халқ ривоҷу равнақ ёфта, рушд меёбанд. Инро мо дар мисоли  Ватани маҳбубу биҳиштосо – Тоҷикистони азиз дарёфтем.  Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдорию давлатсозӣ дар натиҷаи пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ оид ба сиёсати окилонаю одилонаи Сарвари давлат, мардум бо дарки масъулияти олии ватандорию ватансозӣ зиндагии худро ба эътидол оварда, баҳри роҳандозии корҳои созандагию ободонӣ ҳама дастаҷамъона камари ҳиммат бастанд. Натиҷаи ҳамин  талошҳо буд, ки ҳар як гӯшаю канори Ватан  бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат рӯз аз рӯз ободу зебо гашта,  дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи худро пайдо кард. Имрӯз Тоҷикистонро аксарияти давлатҳои дунё мешиносанду  эътирофу эҳтиром мекунанд. Ҳамаи ин пешравию шукуфоиҳои Ватан моро водор месозад, ки ба қадру қиммати сулҳи сартосарии кишвар бирасем, охир ин «СУЛҲУ-ВАҲДАТ» осон ба даст наомадааст, дар ивази қурбонии ҷони  ҳазорон тан  шаҳрвандон ба  ин миллат насиб гашт. Агар Тоҷикистонро аз лиҳози таҷрибаи сулҳи  ба даст омада ба дигар кишварҳо  муқоиса кунем, дур нарафта ба яке аз давлатҳои ҳамсоя Афғонистон, ки аз  мавқеи  ҷуғрофӣ нигарем моро хамагӣ як дарё ҷудо месозад ҳазорон бор шукр мекунем. Вазифаи қарзию имонию виҷдонии ҳар як шаҳрванди бонангу  номуси Ватан аст, ки ҳар қатраи обу ҳар ваҷаб хоки ин сарзаминро дӯст дорем ва сулҳу ваҳдати ба даст омадаро мисли гаҳвараки чашм нигоҳ дорему онро ба насли наврас мерос гузорем. Гуфтаҳои Сарвари давлатамон, ки доимо таъкид месозанд: «Дӯст бошед, иттифоқ бошед! шукронаи ин давлат кунед! Шукрона  кунед, ки чунин як давлати тавоною маҳбуб доред!» шиори мо дар зиндагӣ бошад.

Валиева Саъбагул, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg