А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноњияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Касбомӯз» ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар Паём Пешвои миллат супориш доданд, ки Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешанд-ёдрас шуданд, масъулони кумитаи иҷроияи мазкур.
Ҳамчунин директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар ноњияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳмадёри Додихудо ба иштирокчиёни ҷамъомад оид ба пайдоиш, роҳҳои сироятёбӣ ва пешгирӣ аз ин вабои аср, яъне вируси норасоии маъсунияти одам сухан гуфта, ба иштирокдорон маводҳои таблиғотӣ тақсим кард.