БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТИ ОЗОДУ ДЕМОКРАТӢ ВА ШАФФОФ МАҚСАДУ МАРОМИ ҲХДТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Даштигуло”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Масъулини Кумитаи иҷроия аз ҷумла иброз доштанд, ки  Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд.

Масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар баромадашон қайд карданд, ки бо  фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 4-уми декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва маҷлисҳои  маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020  таъин шудааст ва иштироки фаъолонаи сокинони кишвар саҳмгузорӣ дар ояндаи дурахшони Ватани азиз мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg