ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзои ташкилоти ибтидоии “60 солагии Панҷ” хониши сиёсӣ роҳандозӣ карданд. Кормандони масъули ҳизбӣ дар ин вохӯрӣ ҳозиринро бо барономаи пешазинитихоботии ҲХДТ шинос намуда, атрофи муҳимияти иштирок дар маъракаи интихобот низ суханронӣ карданд.
Иброз шуд, ки ҲХДТ бо истифода аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад.