КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Сарвари давлат бо сокинони деҳаи С. Муродови Ҷамоати шаҳраки Бохтариён мулоқот намуданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун дастури созанда ва ҳуҷҷати роҳнамо моро ба ояндаи дурахшон раҳнамун сохта, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои бузург заминаи мусоид фароҳам меорад– гуфта шуд дар мулоқот .
Таъкид гардид, ки созандагиву бунёдкорӣ ва тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ин навбат низ аз мавзӯъҳои муҳими Паём буд.