КӮШОНИЁН: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Нозироти андоз” вохӯрӣ доир карданд.
Дар вохӯрӣ масъулин атрофи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, пайдо намудани манбаъҳои нави андозбандӣ ва иҷрои босифати қисми даромади буҷаи ноҳия, роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, сари вақт ва пурра иҷро намудани нақшаи андози ноҳия суханронӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва вазифаҳои ҳизбиён дар татбиқи ҳадафу мароми Паёми Пешвои миллат андешаронӣ шуд.
Ҳамзамон, кормандони масъули ҳизби ноҳия, оид ба омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ суханронӣ намуданд.