ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади тарғиби созандагию ободонӣ дар ташкилоти ибтидоии “Зиракӣ” бо иштироки роҳбарияти кумита вохӯрӣ такшил кард.
Бо ташаббуси раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур корҳои созандагӣ дар деҳаи Зиракии Ҷамаоти деҳоти ба номи И.Ниёзов ташкил гардида, ҷӯйборҳои обгузари деҳа таъмир гардиданд.