ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Панҷруд"-и Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд. Дар вохӯрии мзкур масъулин дар бораи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, интихоботи вакилон, озодона ва шафоф овоз додан ба номзадҳои пешбаришуда сухан гуфтанд. Дар давоми вохӯрӣ бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.