БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУБОТУ ОРОМИИ ҶОМЕА АРЗИШИ БУЗУРГАНД

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо аъзои ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Сайф Раҳимов бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ шарҳу тавзеҳ дода шуда, ҷиҳати татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, ба таври шаффофу демократӣ баргузор кардани маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода, иштироки фаъолонаи сокинон дар интихобот сухан гуфта шуд.
Ҳамзамон масъулин иброз доштанд, ки барои ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа болотар аз ҳама арзишҳост.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg