Ҷ.БАЛХӢ: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии «Молия»-и ноҳия бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид. Масъулин дар вохӯрӣ атрофи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ХХДТ суханронӣ карданд.