БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР МАСИРИ ДАВЛАТСОЗИИ НАВИН ВА МУАРРИФИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НАҚШИ БОРИЗ ДОРАД!

АНДЕША. Мусалам аст, ки сиёсати ҳар як давлат дар доираи афкори ҳизбҳои сиёсӣ, ки аз ҷониби ҷомеа раъйи бештарро касб мекунад, амалӣ мегардад. Ҷомеаи имрӯзаи мо дар симои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  марҳилаи нави рушди кишварро мебинад ва аксари мардуми кишвар аъзо ва ҷонибдори ин ҳизби меҳварист. Рӯз аз рӯз афзоиш ёфтани сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кишвар бозгӯи он аст, ки ин ҳизб воқеан ба як нерӯи бузурги сиёсӣ дар кишвар шинохта шуда, асоси барнома ва оинномаи он аз умқи дили мардум сарчашма мегирад. Ин нишондод барои ба ҳақиқат табдил ёфтани орзуву ормони тамоми мардуми Тоҷикистон заминаи боэътимод гузошта, дар арсаи ҷаҳонӣ низ бобати шинохти давлатдории навини Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Натиҷаи ҳамин аст, ки бисёре аз аҳзоби сиёсии дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамкории муштарак дошта, дар доираи табоддули таҷриба дар масири давлатдории навин бо ҳамдигар кору пайкор мекунанд.

Метавон бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои шинохти миллату давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гомҳои устувор гузошт ва кишвари моро аз буҳрони шадиди иқтисодию сиёсӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ баровард.

Барои мардуми оддӣ аз ҳама муҳимтар сулҳу рафоқат ва зиндагии орому осоишта лозим буд, ки хушбахтона мо ҳамагон дар партави барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ин рӯзҳои босаодат расидем ва бобати боз ҳам рушд ёфтани ҳама ҷабҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар меҳнати софдилонаи ҳар як аъзо ва ҷонибдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон лозим аст.           

Нишондоди аз ҳама нигаронкунандаи давлатдории мо дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ин афзоиши фақру нодорӣ ва сатҳу сифати зиндагии сокинон буд, ки дар натиҷаи роҳандозӣ шудани тадбирҳои мушаххас  ин мушкилот тамоюли пастшавиро ихтиёр намуда, рӯз аз рӯз мардуми Тоҷикистон ба рӯзгори босаодат наздик мешаванд. Агар дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ сатҳи фақр дар кишвар зиёда аз 80 фисадро ташкил медод, тибқи таҳлилҳо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ин нишодод ба 27 дарсад омада расидааст, ки ин барои давлатдории навини мо нишододи хеле бузург аст. Ҳамчунин амалӣ гардидани як қатор барномаю стратегияҳои давлатӣ, ки аз барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарчашма мегирад, бахусус оғози сохтмони бузурги иншооти моҳияти стратегидошта ва ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон натиҷаи давра ба давра татбиқ шудани барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки тамоми мардуми кишвар аз чунин муваффақияту пешрафт бо қаноатмандӣ шукргузорӣ менамоянд. Биноан, шинохти миллат ва давлати навтаъсиси Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аз оғози расмӣ ва фаъолияти сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад, ки дар оянда кишвари моро  аз ин дида бештар ободу муаррифӣ месозад.

Ҷамила Икромова, узвии фаъоли ҲХДТ, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg