АНДЕША. Боиси сарфарозист, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд.
Дар воқеъ, танҳо чунин шароити созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба мо аъзои ҳизб имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем.
Бояд гуфт, сарбаландии мо дар ростои 25-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар он аст, ки соли равон дар доираи сафари кориашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муассисаҳои таълимӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва корхонаҳои саноатиро ба истифода доданд, ҳамзамон дар сатҳи баландӣ сиёсӣ бинои маъмурии ҳизбро дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд, ки орзуи деринтизори мо ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб амалӣ гардид.
Мусаллам аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нисбат ба дигар аҳзоби сиёсӣ бонуфуз ва пешқадам буда, ҳамеша дар канори халқ аст. Дар амалӣ шудани ҳадаф ва мақсадҳои дарпешгузоштааш сайъ намуда, дар давраи солҳои 2015-2020 зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» дар пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзанда гузошт ва гузошта истодааст.
Бояд эътироф намуд, ки ташаккули мафкураи давлатӣ аз чигунагии идеологияи ҳизби ғолибу ҳукмрони он вобастагии амиқ дорад. Имрӯз дар баробари мақомоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти ташаккули маънавиёти ҷомеа бар зиммаи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон низ гузошта шудааст ва ин дуруст ҳам ҳаст. Зеро ҳадафу мақсади дилхоҳ ҳизби сиёсӣ ҷиҳати ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ин татбиқи барномаи худ ва ташаккули мафкураи сиёсӣ ва маънавиёти ҷомеа ба манфиатҳои худ мебошад. Бахусус, мо кормандони мақомоти давлатӣ, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошем, аз ҳама лиҳоз бояд бо ҳизб робитаи мустаҳкамро роҳандозӣ намоем. Пеш аз ҳама нисбати фаъолияти ҳизбии худ масъулиятшинос бошем. Дигархел ҳам набояд бошад, зеро тавре Пешвои миллат дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ иброз доштанд: “Дар сафҳои мо барои шахсони тасоддуфӣ ва худхоҳу худпараст бояд ҳаргиз ҷой набошад”.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз баъзе манотиқи оламро нобасомониҳо ва носозгориҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ фарогир гаштаанд. Бахусус, ҷангҳои шаҳрвандӣ дар мамлакатҳои исломӣ ба монанди Афғонистони ҳамсояи мо, Ироқ, Сурия ва ғайра характери мазҳабӣ доранд, ки дар ҷомеаи суннатии мо низ бе таъсир намондааст. Маҳз бо таъсири чунин гурӯҳҳои ифротӣ бархе аз ҷавонони мо низ дар ин гирдобҳои ҳалокатовар иштирок доранд, ки ин бебунёди ҷомеаи навини мо хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Тавре Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти таассуб, радикализм, терроризм ва ифротгароии хушунатомези диниву мазҳабиро маҳкум намуда, дар ин масъала фарҳанги таҳаммулгароӣ ва озодандеширо омили муҳимми худшиносии миллӣ меҳисобад”. Имрӯз вақти он расидааст, ки мо ҳизбиён баҳри решакан намудани ин амали харобиовар кӯшида, тамоми донишу малака ва қуввату ғайрати доштаамонро баҳри бино намудани ҷомеаи солиму тавоно равона созем.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби муттаҳидкунанда буда, ҳамеша дар канори халқ аст, танҳо барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳадафҳои худро равона месозад.
Гулмадова Кибриё, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҲХДТ