БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ЧӢ БА ҲХДТ ОВОЗ МЕДИҲАМ?

АНДЕША. Мардуми шарифу сарбаланди тоҷик хуб медонанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баргузории чорабиниҳои сиёсию вохӯрӣ бо мардум ҳама вақт даст рӯи қалб гузошта, бо як самимияти бузург салом медиҳанд ва бо хушҳолӣ мегӯянд, ман ҳамаи шуморо дӯст медорам.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизбе, ки ҳақиқату адолатро маҳаки фаъолияташ қарор додааст, талош мекунад, ки рушди устувори иқтисодии кишварро таъмин карда, сатҳи камбизоатии мардумро минбаъд коҳиш ва зиндагии мардумро беҳтару осудатар мегардонад.

Дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2020-2025 қабул гардидааст, самтҳои афзалиятноки пешрафти кишвар ва фаъолияти ҳар яки моро муқаррар намуда,  ба ризоияти миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори кишвар, раҳоӣ ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бунёди корхонаҳо, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, рушди низоми демократӣ, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, тақвияти рукунҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, идома додани сиёсати самарабахши хориҷӣ ва волоияти манфиатҳои миллиро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморад. Ин аст, ки имрӯзҳо ҳарчи бештар мардум мехоҳад, ки тақдири худро ба Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон  бипайвандад.

Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун кишвари дорои низоми давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Бояд иқрор шуд, ки тамоми мардуми кишвар сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату ҳукуматро ҷонибдорӣ намуда,  ҳамеша аз он дастгирӣ ва пуштибонӣ менамоянд.       

Акбаров Холмурод,  номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор аз ҳисоби ҲХДТ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg