АНДЕША. Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон орзую амоли халқ ифода ёфта, хаёти мӯътадили ҷамъияти мо мушаххас карда шудааст. Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки ҳизби созандаи мо ба як нерӯи тавонои сиёсӣ тадбил ёфта, дар ҳаёти мардуми тоҷик нақши арзанда гузошта истодааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси хадафҳои оиннамавӣ ва барномавии худ ба роҳ монда, дар назди аъзои худ вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор дошта бошад.
Имрӯзҳо барои мардуми шарифи кишварамон давраи хеле пурмасъул, яъне дар марҳилаи баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки яке аз аз шакли беҳтарини демократикунонии ҷомеа ба шумор меравад, қарор дорем. Интихобот ифодаи олии бевоситаи халқ таввасути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои асосии аҳли ҷомеа ба шумор меравад. Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда, фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тоқазо мекунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятию сиёсӣ дар таҳкими давлати соҳибихтиёр демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолияти густурда дорад.
Яке аз хизматҳои бузурги ҳизб дар таҳкими давлатдории тоҷикон дар он аст, ки дар давраи хеле ҳассоси таърихи навини миллат мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуд ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшид. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз тамоми нерӯҳои солими ҷомеаро дар сафи худ муттаҳид намуда, бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди исқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис дода шуда, барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадаф фаъолият менамояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби роҳнамои ҷомеа буда, вазифаҳои ҳар як шаҳрванд, аъзои ҳизбро дар самти пойдории Истиқлолияти давлатӣ Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, рушди устувори иқтисодӣ сафарбар намуда истодааст. Дар ин ҷода мо фаъолони ҳизб корҳои тарғиботиро дар байни сокинон ҳамарӯза ба роҳ монда, боварии мардумро бештар ба ояндаи неки кишварамон равона ва ба солимии ҷомеа диққати ҷиддӣ зоҳир менамоем. Бо гузашти солҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба нерӯи тавоно ва навини кишварамон табдил ёфт. ҳамчун қувваи пешбаранда, пешоҳангӣ дар доираи татбиқи барномаҳои худ ба таҳкими нерӯи иқтисоди кишвар, таъсиси ҷайҳои нави корӣ муҳимии кор аз ҳама, ба беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намуда истодааст. Имрӯз ҳар яки мо, ки узви ҲХДТ ҳастем дарк намудем, ки аъзои ташкилоти ҳизбӣ будан ин маъсулия ва ифтихори бузург аст. Бо мақсади дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор гардидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав омодагии ҷиддӣ дида, барои дар доираи қонун баргузор гардидани интихобот ҳайати ситодҳои пешазинтихоботии ҳизбӣ таҳия ва тасдиқ гардида, корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ дар байни интихобкунандагон роҳандозӣ шуда истодаст. Ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи интихобот Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун барномаи амал ба роҳбарӣ гирифта шуда, Барномаи пешазинтихоботии номзадҳо ба вакили дар ҳамаи зинаҳои мақомоти намояндагӣ аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон пешбаришударо дар ноҳия дар асоси он таҳия карда, дар байни интихобкунандагон тарғибу ташвиқи онҳо идома дорад.
Дар барномаҳои пешазинтихоботии вакилони хамаи зинаҳои мақомоти намояндагӣ ҷиҳати вуъсат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ пеш аз ҳама ба ҳалли масъалаҳои мавҷудаи иҷтимоӣ, инчунин дастгирии ниёзмандон дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» барои боз ҳам эътибору боварии халқро бештар намудан аз шаклу усулҳои муосири корӣ истифода бурда мешаванд.
Мустафақулова Моҳигул, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав