АНДЕША. Рӯзи 26-уми декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии хешро ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа доштанд.Дар Паёми хеш Президенти мамлакат дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамонро таҳлил карданд. Бо далелу асноди мушаххас иброз доштанд, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ бунёдкорию созандагиро ривоҷ дода, муттаҳидӣ, якдилӣ ва якпорчагии халқҳои Тоҷикистонро муаррифӣ кардаанд, ки ин намунаи олии Ваҳдати миллӣ ва сулҳофарӣ мебошад. Махсусан ҳифзи иҷтимоии мардум хеле беҳтар шуда, ин омил боиси 27,5 фоиз кам шудани сатҳи камбизоатӣ гардидааст. Дарозумрии миёнаи мардум ба 75 сол баробар шудааст.Дар ин ҳуҷҷати муҳим Президенти кишвар чанд соли охирро ба таври муқоисавӣ таҳлил карда, муваффиқияту комёбиҳои заҳматкашони кишварро таҳлил намуд, соҳаҳо ва самтҳоеро, ки дастовардҳо бештаранд, зикр намуд ва тавсияҳо дод, ки дар як қатор соҳаҳо усули корро дигар намуда, масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакатро баланд бардорем. Баҳри рушди саноат, кишоварзӣ, соҳаи коммуналӣ, хизматрасонӣ, варзиш, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ғайра аз таҷрибаҳои вуҷуддошта самаранок истифода бурда, баҳри ба кор андохтани захираҳои иловагӣ чораҳои мушаххас андешем.
Қайд гардид, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми заминаҳои устувор барои рушду тараққиёти кишвар дар ҳамаи соҳаҳо гузошта шуда, ба шарофати таҳкими Ваҳдати миллӣ ва сулҳи сартосарӣ эҳсоси ватандӯстии мардум боло рафта, ташаббускории аҳли заҳмат, муттаҳидии халқ дар атрофи Ҳукумати мамлакат низ рӯ ба афзоиш аст. Ба ин далел, ки дар Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани Роҳбари давлат имкон дод, ки халқи созанда ва офарандаи мо баҳри обод кардани Ватан ҳавасмандӣ зоҳир намуд ва ин омил боиси рушди деҳот шуда истодааст. Ин ба он хотир аст, ки деҳоти мамлакат тараққӣ карда, сокинон низ дар раванди рушди фарҳанг, варзиш, маориф ва ғайра фаъолона ширкат варзида, дар ободонии мамлакат бештар саҳм мегиранд. Зеро раванди созандагиву бунёдкорӣ дар кишварамон инкишоф ёфта, ба ин восита се ҳадафи стратегии кишвар, аз қабили баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳалли масъалаҳои энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ асосан ҳал гардида, аз ҷониби роҳбарияти кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ саноатикунониро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби сокинони мамлакат дастгирии комил ёфт. Мардуми деҳот низ дар раванди созандагиву бунёдкорӣ ширкат варзида, бо амалҳои созанда собит карданд, ки онҳо ҳар як ташаббус ва ҳидояту дастури Президенти мамлакатро сари вақт иҷро менамоянд.
Пешвои миллат баҳри ҳалли «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳидоятҳо намуда, баҳри оғози марҳилаи дуюми он ба ҳукумат супориш дода шуд, ки барномаи миёнамуҳлати рушд то соли 2021-2025 қабул карда шавад.
Оид ба рушду инкишофи иқтисоди бозоргонӣ, кишоварзӣ, содироти молу маҳсулот тавсияҳои муҳим дода шуда, ба масъалаи бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, соҳибкасб кардани онҳо масъалагузорӣ рӯи кор омада, ба масъалаҳои инкишофи соҳаи бонкдорӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Рушди соҳибкорӣ, бахши хусусӣ низ мавриди назар қарор гирифта, ба масъалаи истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда аҳамият дода мешавад. Дар ин замина тавсия шуд, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва воридшаванда аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, вазорату кумитаҳои марбута сатҳу сифати корӣ баланд бардошта шавад. Дар ин ҳуҷҷати барномавӣ ба ҳамаи соҳаҳое, ки инкишофи ҷомеа ба онҳо вобаста аст, диққат равона намуда, Пешвои миллат баҳри ба манфиати рушди ҷомеаи навини Тоҷикистон, инкишоф додани онҳо пешниҳодҳои мушаххас ироа доштанд. Паём барои як соли оянда дастурамали кулли мардум ва соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мегардад.
Месазад ёдовар шуд, ки дар қатори дигар соҳаҳо ба масъалаҳои рушду инкишофи фарҳангу маорифи миллӣ низ диққат равона гардида, як силсила пешниҳодҳои муҳиму судманд рӯи кор омаданд. Ба рушди соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҷомеа тавваҷуҳ зоҳир шуда, дар Паём омадааст, ки соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад. Илова бар ин ҳоло бо сайъу кӯшиши соҳибкорон зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 457 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст.
Роҳбарону кормандони соҳаи маориф вазифадоранд, ки бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ рисолати хешро иҷро намуда, ташаббускориву худфидоӣ нишон диҳанд. Вобаста ба ин Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин ба хотири тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад.
Пешвои миллат қайд карданд,ки забони шевою шоиронаи тоҷикиро бояд мисли модар ва Ватан дӯст дорем. Забон оинаи пурҷилоест, ки дар он симои халқ инъикос меёбад. Вазифаи аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки ин гаҳвари ноёбро ҳифз кунад, инкишоф диҳад. Дар ин радиф ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналхалқӣ бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем.
Ба масъалаи китобу китобхонӣ дар Паёми Роҳбари давлат аҳамияти хос равона шуда, оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» андешаҳои пурарзиш баён гардиданд. Инчунин, барои беҳтар баргузор намудани озмуни мазкур пешниҳодҳои мушаххас сурат гирифтанд. Вазорату ташкилотҳои марбута вазифадор шуданд,ки минбаъд ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...»-ро аз рӯи се самт якум –миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ, дуюм- таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм-дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд.
Китобхонаҳо бояд маркази илму маърифат бошанд, зеро китоб ҳамеша дар зиндагии мардуми мо нақши бориз дошт. Аз ин рӯ ташкилотҳои марбута, вазорату идораҳои дахлдор вазифадоранд,ки чопи китобҳои бадеиро зиёд кунанд. Китобхонӣ ба сухандониву васеъшави ҷаҳонбини инсон мусоидат менамояд, донишу тафаккури шахси китобхон ба тадриҷ боло рафта, инсон аз нигоҳи маъанавӣ камол меёбад. Дар робита ба ин ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихӣ пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби фонди Президенти ҶТ чоп карда, то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Халқи мо ба гурӯҳи мардумони ориёӣ дохил мешавад.Таърихи гузаштагонамонро донистан ва аз таҷрибаи таърих истифода бурдан муҳим аст.
Бо пешниҳоди Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат конфронси генерали ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард. Мо ин санаҳои таърихиро созовор таҷлил хоҳем кард ваин нишонаи фарҳангу тамаддуни қадимии миллати мо мебошад.
Инчунин, дар Паёми навбатӣ рушди устувори муассисаҳои фарҳангӣ, инфрасохтори соҳа, мусоидат ба рушди фарҳанг дар ҳамаи соҳаҳо зарур шуморида мешавад. Дар ин робита пешниҳод ба миён омад,ки озмуни «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ҳар сол баргузор карда шавад.
Хуллас, Паёми имсола баҳри фарҳангӣ шудани ҷомеа ва мардуми Тоҷикистон заминаҳои устувор муҳайё хоҳад кард.
Ҷалолов Абӯбакр, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ аз ҲХДТ