БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН НИГИНИ ТОҶИ ЗАРРИНИ МИЛЛАТАНД!

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби санъати бачагона”-и шаҳри Бохтар намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо аъзои ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои он вохӯрӣ доир карданд.  Наҷидуллозода Н.–муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зимни баромади худ қайд намуд, ки  аъзои ҳизб аз ҳисоби занони фаъолу ташаббускор зиёд буда, дар татбиқи Барномаи ҳизб нақши онҳо назаррас аст. Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занонро нигини тоҷи заррини миллат номбурда ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи онҳо ҳамеша чораҳои лозимиро меандешанд. Аз ҷумла, дар барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2020-2025 омадааст, ки ҲХДТ барои андешидани чораҳои зарурӣ оид ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа, ҷалби бештари занон ба идоракунии давлатӣ, кафолати иҷтимоии модарони танҳо, занону духтарон аз оилаҳои камбизоат  ва занону духтарони деҳот талош  мекунад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg