ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Фархор оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маҳаллаи №10"-и Ҷамоати шаҳраки Фархор баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулон дар хусуси сарфакорона истифода бурдани неруи барқ дар фасли сармо бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ва тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеъа дар доираи урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ суханронӣ намуданд.