НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино”-и шаҳри Норак вохӯрии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо аъзои ташкилоти мазкур ҷиҳати шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳр Паёми навбатии Пешвои миллатро шарҳ дода, иброз доштанд, ки то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад.