Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Маориф соҳаи афзалиятнок дар сиёсати мо

ЁВОН. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо оид ба барасии самтҳои афзалиятноки ҲХДТ дар тамоми деҳаву маҳаллаҳо ва ташкилоту муассисаҳо суҳбату вохӯриҳо баргузор гардида истодааст. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар ҳар як вохӯрие, ки дар маҳал ва ё деҳа баргузор мегардад, ҳатман аз мактаб дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат меороянд.

Бо ин мақсад дирӯз намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав дидан намуда, бо як гурӯҳ хонандагони синфҳои 10-и муассисаи мазкур вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ Абдуллоева Саёҳат-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бобати ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати соҳаи маориф ва насли наврас, илмомӯзӣ, таълиму тарбия, эҳтироми падару модар ва омӯзгорон, тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ ва ғайра андешаронӣ намуд.DSC_0079.JPG

Воқеан, омӯзгорон дар ҳар давру замон хазинаи тиллоӣ ва зиёиёни миллати тоҷик мебошанд. Маҳз омӯзгор метавонад, насли наврасро барои ояндасозӣ роҳнамоӣ кунад. Хушбахтона Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалитнок номида, ояндаи дурахшони кишварро аз хизмати содиқона ва меҳнати софдилонаи омӯзгорон арзёбӣ менамоянд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg