ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Пахтаобод” вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.
Зимни баромад роҳбарияти Кумитаи иҷроия қайд кард, ки дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат таъкид доштанд, ки масъулонро зарур аст, ҳангоми таҳияи кодекси андоз ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони Ватанӣ, боз ҳам соддаву оммафаҳм гардонидани маъмурикунонии андоз ва беҳтар кардани фазои сармоягузориро пешбинӣ намоянд.
Мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз моликияти онҳо муҳайё намоем.
Оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мавсуф иброз дошт, ки интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ таввасути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.