БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БО ХУШНУДӢ ПАЗИРУФТАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Шифо"-и шаҳри Кӯлоб вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми навбатӣ маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар ин маҷлис намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ироа мегардад, ки дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёти мамлакат дарҷ карда мешавад. Зимни Паём Сарвари давлат ҳамеша барои ободии Ватан дастурҳо дода, дар ин самт вазифаи ҳар як шаҳрвандро муайяну мушаххас менамоянд.

Дар идомаи суҳбат таъкид гардид, ки мо бояд Паёми Сарвари давлатро дар пешбурди фаъолияти кории ҳамарӯзаамон ҳамчун дастурамал самаранок истифода барем. Дар амалишавии ҳар як нукта ва ҷумлаи дар Паём зикршуда пеш аз ҳама мо кормандони соҳаи тандурустӣ кӯшиш намоям, ки саҳми худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg