ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии «Сулҳ»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ мулоқот роҳандозӣ гардид. Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар меҳвари мулоқот қарор дода шуда, дар ин бобат роҳбарияти Кумитаи иҷроия муфассал андешаронӣ намуд.
Ҳамзамон, дар давоми баромадаш мавсуф қайд намуд, ки вобаста ба татбиқи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вазифаи ҳар як ҳизбӣ бо роҳи тарғиби созанда даъват намудани мардум барои машғул шудан ба хоҷагидорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ ба хотири кам кардани шиддати бекорӣ, бо мақсади беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.