БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ИФОДАГАРИ ДАВЛАТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТА АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Дурандеш» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмонидани моҳияти Паёми имсола вохӯрӣ доир гардид.

Тавре қайд гардид, Паёми имсоларо метавон ҳамчун раҳнамо истифода бурд, зеро масоиле, ки дар он махсусан қайд карда шудаанд, саривақтӣ буда, ҳаллу фасли онҳо барои пойдории давлат ва зиндагии шоиста барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳиму созанда хоҳад буд. Ба кор андохтани агрегатҳои нерӯгоҳи барқии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки бо шарофати он орзуи чандинсолаи  мардуми тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Роҳбари давлат қайд карданд, ки ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg