ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Суҳбату вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии « РАСИН» оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Масъулин дар суҳбат атрофи нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён дошта, гуфтанд, ки мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.