БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАЪЙДИҲӢ ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу  ташвиқи  Барномаи  ҲХДТ  ва  номзади  он  ба  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  вохӯрии    кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик     дар  ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи  иҷтимоӣ”  баргузор  гардид. 

Зимни мулоқот  дар  бораи   Паёми  навбатӣ   суханронӣ карда шуда, зикр гардид, ки бо мақсади рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва таъмини устувории низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки соли 2013-ум 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил карда буд, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад. Ҳоло дар мамлакат 700 ҳазор нафар нафақахӯрон, аз ҷумла 148 ҳазор маъюбон, 5277 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор ятимон зери сарпарастии давлат қарор доранд.

Сипас, дар ин раванд вобаста ба моҳияти Барномаи ҲХДТ, аз ҷумла маъракаҳои муҳими сиёсии интихобот ёдоварӣ карда шуда, масъулин аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварданд, ки иштироки фаъолонаи  шаҳрвандон дар ин маъракаи муҳим  масъулияти баландро  талаб менамояд ва моро лозим аст ҳушёру зирак бошем ва ба номзадҳои арзанда овоз диҳем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg