ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонӣ” хониши сиёсӣ баргузор карданд. Дар хониши сиёсӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ироа доштанд, бори дигар ба самъи аъзои ташкилоти мазкур расонида шуданд.