КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Доир ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат дар ташкилоти ибтидоии “Асъор” маҷлис баргузор гардид.
Мулоқот бо иштирок ва суханронии намояндагони ҳизбӣ оғоз гардида,
Изҳор шуд, ки Паёми навбатӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамчун барномаи муккамали бунёдӣ ва роҳнамо барои ояндаи неки кишвар хеле хуб пазируфта шуд.
Зимнан, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар навбати худ баён доштанд, ки аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳем буд то дар амалӣ гардидани нуктаҳои Паём, ки яке аз самтҳои он бо мақсади боз ҳам содда, сабук ва шаффоф гардонидани ҷараёни андозсупорӣ, такмили низоми маъмурикунонии андоз ва рушди соҳаи бонкдорӣ ишора гардидааст, саҳмгузор бошем.