БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНДӮСТӢ ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки аз 26.12.2019 бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»-и ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо аъзоёну тарафдорони ҳизб вохӯрӣ баргузор намуданд. Зимни суханронӣ масъулон муҳтавои Паём ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро барои солҳои 2020-2025 шарҳ доданд.

Қайд шуд, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти тамоми соҳаҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Ҳамзамон нотиқ оид ба ҳар як самти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мухтасар   маълумот дод.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg