ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Заргарон” бо мақсади ба интихобкунандагон фаҳмонида додани моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва Паём бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ва аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд. Иштирокдорон баъди баромади намояндагони ҳизбӣ дар бораи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон дар интихобот маълумоти пурра пайдо намуда, барои ташкили чунин мулоқоти судманд изҳор миннатдорӣ баён намуданд.