БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМУНСОЗИ МИЛЛАТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Сафобахш" суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар маҷлис намояндагони ҳизбӣ қайд намуданд, ки дар меҳвари Паём масъалаҳои асосии зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхорӣ нисбат ба ҳар як фарди ҷомеа қарор гирифтааст. Ҳар кадом аз бандҳои Паём, ки дар навбати аввал ба кулли ҷомеа нигаронида шудааст, дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣ буда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳимми мамлакат, монанди илм, маорифу тандурустӣ низ равона карда шудааст.

Дар идомаи суҳбат раиси ташкилоти ибтидоии ибрози андеша  намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон вобаста ба солимии ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Доир ба ин масъала қайд карданд, ки оянда боз садҳо марказу беморхонаҳо сохта ба истифода дода мешаванд, ки ин фақат ба солимии ҷомеа равона шудааст.

Дар охир иштирокчиён ба сухан баромада, изҳор доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ дониста, барои иҷрои онҳо саъю кӯшиш менамоянд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg