Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии « Ваҳдат»-и ноҳияи Носири Хусрав вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинон баргузор гардид.
Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ муҳтавои Паёми Пешвои миллат ва Барномаи ҲХДТ ҳарф зада, қайд намуданд, ки ҲХДТ имрӯз як нерӯи бузурги пешбарандаи сиёсии кишварамон буда, дар ҷомеа нуфузу мақоми хоса дорад. Барномаи ҳизб ҷузъи барномаҳои имрӯзаи рушди кишвар мебошад ва барои расидан ба он ҳамарӯза фаъолияти пурсамар мебарад. Имрӯзҳо, ки мо дар остонаи интхоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ қарор дорем, шаҳрвандони кишвар бо интихоби дурусти номзадҳо барои таҳияву иҷрои санаду қонунҳои лозима, амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ, ки мақсадашон рушду шукуфоии Ватан, беҳбуди бахшидан ба зиндагии мардум мебошад, саҳми худро мегузоранд. Ҳар як сокини деҳот дар доираи “Соли шинохти манфиатҳои миллӣ” барои ободу зебо намудани деҳаю маҳалла ва манзили зисти худ вазифадоранд ва онро ҳамчун ғояи асосии ватандӯстиву садоқат ба Ватан нишон диҳад.