ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Басо рамзист, ки баргузории вохӯриҳо дар раванди омӯзиши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо қарор доранд.
Дар хониши сиёсие, ки бо роҳандозии намояндагони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Раҳматулло” баргузор гардид, вазифаҳои ҳизбиён оид ба амалӣ намудани нуктаҳои асосии Паём тавсияҳои судманд дода шуданд. Ҳамзамон оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», ки аз соли 2018 идома дорад, андешаронӣ карда шуд. Иловатан қайд шуд, ки иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ифтихори ҳизбиён мебошад.