БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ҲАР ВАҶАБ ЗАМИН ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки   дар  Паёми имсола ироа  намуданд,   дар ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” хониши сиёсӣ доир карда шуда, дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар суҳбат қайд гардид, ки то имрӯз дар самти азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми қариб 2 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст ва ҳоло чунин лоиҳаҳо ба маблағи 665 миллион сомонӣ идома доранд. Бо вуҷуди ин, ҳар сол майдони беш аз 40 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор мегирад. Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки дар самти пешгирӣ кардани аз гардиши кишоварзӣ баромадан ва шӯршавии заминҳо тадбирҳои доимӣ андешанд.

Сипас, дар ин раванд моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба дарки иштирокдорон расонида шуда,  онҳо барои татбиқи  ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ раҳнамоӣ гардиданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg