ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баланд бардоштани малакаи сиёсии шаҳрвандон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии «Файзи замин» суҳбату вохӯриҳо доир гардид.
Дар рафти суҳбат дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми имсола ироа гардид, аз ҷумла «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», рушди соҳаи меъморӣ ва кишоварзӣ, ки соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар мебошанд, ба дарки ҳамагон расонида шуд.
Инчунин, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд гардид, ки замоне, ҲХДТ ба майдони сиёсат омад ва ҳамчун нерӯи сиёсӣ ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ барномарезиро оғоз намуд, он вақт иқтисодиёти кишвар ба тамоми маъно вуҷуд надошт, хазинаи давлат пурра ғорат шуда буд ва он вақт танҳо сари ба вуҷуд овардани иқтисодиёти миллӣ гап мерафт. Ҳамон вақт баъзеҳо ба ислоҳоте, ки ҲХДТ дар барномаҳояш пешниҳод менамуд, хусусан ба деҳқон додани замин, барқарор кардани хоҷагии қишлоқ, рушди соҳибкории хурду миёна, паст кардани сатҳи камбизоатии мардум ва ғайра бисёр боэҳтиёт ва ҳатто дудила муносибат мекарданд. Аммо ҲХДТ дар як муддати кӯтоҳ тамоми қишрҳои ҷомеаро ба муваффақона амалӣ шудани барномаҳояш дилпур сохта, барои анҷоми вазифаҳои дарпешгузошташуда муттаҳид намуд.