КӮЛОБ. Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии "Маркази солимии репродуктивии №1"-и шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир гардид.
Зимни мулоқот намояндагони ҳизбӣ афзуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола таъкид намуданд: "Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем". Дар ин росто моро зарур аст, ки барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан танҳо кӯшишу ғайрат намоем.
Дар рафти мулоқот вобаста ба дигар нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ибрози ақида карда шуд.