НОРАК. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Молия” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис роҳбарияти Кумитаи иҷроия вобаста ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баромад намуда, иброз дошт, ки барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Ҳамзамон, мавсуф дар идомаи сухан оид ба такмили низоми молиявии кишвар ва таъмини самаранокии фаъолияти бозори хизматрасониҳои молиявӣ мулоҳизаронӣ намуд.