БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРӮИ ТАВОНОИ ҶОМЕА МЕБОШАНД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Зафар»-и ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ  хониши сиёсӣ баргузор шуд.

Намояндагони ҳизбӣ зимни суханронӣ дар бораи Паёми Пешвои миллат андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки “Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад”- иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар.

Вобаста ба ин лозим аст, ки дар рушди инфрасохтори варзиш  мусоидат намуда, ҷавононро ба варзиш ва дигар корҳои солимгардонӣ ҷалб созанд, аз нерӯи созандаи ҷавонон дар татбиқи қонунҳои миллӣ, пойдориву устувории фарҳанги милливу забони давлатӣ ва пешгирӣ аз пайдоиши терроризму экстремизм васеъ истифода баранд. Чунки ҷавонони мо нерӯи тавоно ва иқтидори пурқуввати пешрафти ҷомеа  мебошанд.

Дар вохӯрӣ, инчунин оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суҳбати фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

 

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg