ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Боғистон” вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.
Қайд гардид, ки роҳбарону кормандони соҳаи маъорифро зарур аст, дар баробари дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр карда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. ҲХДТ барои истифода аз арзишҳои маънавии миллат дар шароити ҷаҳонишавӣ кӯшиш карда, арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллиро зарур мешуморад.