
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 -2025 дар ташкилоти ибтидоии «Истиқлол»-и Ҷамоати шаҳраки Фархор хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар мулоқот масъулин дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Ҳукумати мамлакат мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ мекунад. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст. Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Инчунин, дар масъалаи сиёсати гендерӣ ва оила иброз доштанд, ки ҲХДТ минбаъд низ дар самти сиёсати гендерӣ нақшаҳои мушаххасро пайгирӣ намуда, барои расидан ба баробарҳуқуқии воқеӣ байни занон ва мардон чора меандешад.