![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200120_120657.jpg?itok=q36s1rjQ)
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Баҳористон» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимнан дар рафти суҳбат масъулин иброз доштанд, ки тасмими бознашри шоҳасари бунёдӣ ва дорои арзиши баланди илмӣ, яъне “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он далели таваҷҷуҳи хоса доштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳкими ҳувияти миллӣ, ҳифзи хотираи таърихии миллат, густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа мебошад.