Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ” бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.
Масъулон иброз доштанд, ки дар доираи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2015-2020 шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба танзим даромада, бо 60% зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ 50% коҳиш дода шуд, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ барои ҷавонон ва калонсолон зиёд карда шуд. Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули ҳунари ҳунармандони мардумӣ пурра аз андоз озод гардида, барои ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҳунармандӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар давраи солҳои 2020-2025 бошад фаъолияти ҲХДТ барои мусоидат намудан ба ҳалли як қатор масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ равона гардидааст.