БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи «Сайф Раҳимов»-и ноҳияи Балҷувон бо иштироки аъзои гурӯҳи таблиғотӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур масъулин атрофи муҳтавои Паёми навбатӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мо бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем. Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳамзамон, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он тарғибу ташвиқ гашта, иштироки фаъолонаи аъзои ташкилотҳои ибтидоии ва мусоидат ҷиҳати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварда шуд.