![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200117_093641.jpg?itok=AGyaiefw)
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Маҳаллаи №2» оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар мулоқот вобаста ба ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, андешаронӣ карда шуда, қайд гардид, ки таҳкими андешаи миллӣ, густариши худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ низ аслҳои оинномавии ҲХДТ мебошад.
Паҳлуи дигари суҳбат фарогири шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд» буд.
Дар охир аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки корҳои ободониро дар доираи Аксияҳои ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “ҲХДТ муттаҳид месозад!” вусъат бахшида, дар рушду шукуфоии Ватан саҳми арзанда гузорем.