КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён бо сокинони деҳаҳои Чакиҳо, Ортод ва Маҳалла бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён доир карда шуд.
Вобаста ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26-уми декабри соли 2019 ироа гардид ва ҳамчунин дар бораи маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихобот ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб аз ҷониби масъулин андешаронӣ карда шуда,
Паёми Сарвари давлат аз ҷониби сокинон ҳамчун як раҳнамо пазируфта шуд.