БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МОРО БА ФАЪОЛИЯТИ САМАРАБАХШ ҲИДОЯТ МЕКУНАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Трести чарогоҳ" маҷлиси ҳизбӣ вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд.

Дар мулоқот масъулин зикр намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки дастурамалест, ҳар як шаҳрвандро ба фаъолияти самарабахш ҳидоят мекунад.

Дар Паёми Пешвои миллат ҳар як сухане, ки иброз мегардад як ҷаҳон маънӣ дошта, талошҳои пайваста ва садоқати Сарвари давлатро баҳри рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз нишон медиҳад. Аз ин лиҳоз моро низ мебояд нисбат ба давлату миллат дар кадом вазифае, ки набошем бо садоқат ва дасту дили гарм хизмат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg