Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо сокинони деҳаҳои Сафедоб, Рӯикаш, Диихо, Кумроғ ва Шоҳристони ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Намояндагони ҳизбӣ дар суханронӣ аз нуктаҳои Паёми имсола ёдоварӣ карда, гуфтанд, ки соле, ки сипарӣ шуд, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт гардид. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Ба ин хотир мо шаҳрвандонро зарур аст пайваста дар пайи рушду нумуи кишвар талош варзем ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро ҳамеша сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаамон қарор диҳем.