БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ДОИР ГАРДИД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ идомаи Конференсияи 19-уми ҲХДТ  баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Конференсия дар баробари ҳамаи вакилон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ  Дилафрӯзи Абдулло ва аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятиву  ноҳиявии ҲХДТ, Саиди Ёқубзод И.в. раиси ноҳия  иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар идомаи конференсия пешниҳоди вакилон ба се ҳавзаи вилоятӣ  ва ба 40 ҳавзаҳои ноҳиявии интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  баррасӣ гардиданд.

Номзадии вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия муаррифӣ карда шуда, барои тасдиқ пешниҳоди иштирокчиёни Конференсия гардонида шуд. Баъди баррасӣ ва муаррифии номзадҳо ба вакилӣ бо қарори Конференсия се номзад аз ҳавзаҳои № 62, 63 ва 64-и вилоятӣ ва 40 номзад аз 40 ҳавзаи ноҳиявӣ тасдиқ карда шуданд.

Сипас,  Дилафрӯзи Абдулло суханронӣ аз  дастуру супоришҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон баён намуданд, ёдовар гардид. Мавсуф дар идомаи сухан қайд кард, ки интихобот бояд ба таври шаффоф ва демократӣ гузаронида шавад. Ба масъулияти аъзои ҲХДТ ва номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои вакилони халқи вилояту ноҳия дар бораи ташвиқу тарғиб ва шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ,  навиштани андеша дар мавзӯи «Ман барои чӣ ба ҷонибдории ҲХДТ овоз медиҳам ?», дастгирии  сиёсати давлату Ҳукумат дар самти корҳои ободониву  бунёдкорӣ  ва созандагӣ тавсияҳои судманд дод.

Дар охир  Саиди Ёқубзод баромад намуда, ба  номзадҳо дар таҳияву инъикоси барномаҳои пешазинтихоботиашон бурдборӣ таманно намуд.

Инчунин, Саиди Ёқубзод атрофи ҳалли масъалаҳои манфиатҳои миллӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  тарбияи дурусти ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мулоҳизаронӣ карда, вобаста ба ҳалли масъалаҳои мазкур таъкид кард, ки ба ҳар яки мову шумо лозим аст, масъулияти бештар дошта бошем ва барои дастгирии сиёсати Пешвои миллат дар пешрафти  Ватани маҳбубамон саҳми босазои хешро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg