![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20200114_140258_0.jpg?itok=8cmveZNa)
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии њизбии «Бонкчиён» ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии ХХДТ вохӯрӣ баргузор карданд. Аз дастур ва таъкидҳои Роҳбари давлат ёдовар шуданд: «Низоми бонкӣ бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намояд ва сарчашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад». «Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Амонатбонк” бояд ҷиҳати ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани фоизи он чораҳои таъхирнопазир андешад»-ёдрас шуданд масъулони чорабинӣ.