ҶАЙҲУН: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Макази ташхиси бехатарии озуқаворӣ»-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор карда, дар он Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Дар Паём ироа гардид, ки «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободӣ ва фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо менамояд». Ҷои баҳс нест, ки мо интихобкунандагон бояд шахсонеро ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб намоем, ки онҳо дар ҳақиқат шахсони арзанда, дурандеш, оқилу ғамхор, қонундон, сиёсатмадору сухандон, ватандӯсти ҳақиқӣ, озодандеш, некхоҳ, масъулиятшинос ва пуштибони халқу миллат бошанд.