ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мадад»-и ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок карда, қайд намуданд, ки Пешвои муаззами миллат дар Паём ба масъалаи баланд бардоштани музди меҳнати маорифчиён ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа диққати махсус доданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки зан дар оилаи тоҷик ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.